- мурғ
- [مرغ]1. номи умумии парандаҳо, паранда, тайр: мурғи даштӣ // мурғи титав тазарв; мурғи қу як навъ парандаи зебои калони обӣ; мурғи марҷон мурғи калонҷуссаи хонагӣ аз ҷинси тазарв, ки дар гулӯ ва бехи нӯлаш гӯшти тоҷмонанди овезон дорад; мурғи саққо мурғи дар об шинокунандаи калонҷуссаи минқорбоз, ки дар зери нӯлаш халтаи калони ҳалқум дорад; мурғи титав ниг. мурғи даштӣ2. мурғи хонагӣ; мокиён: мурғи курк мокиёни аз тухммонда ва барои чӯҷабарорӣ ба тухм зер кардан моил; мурғи бепар а) мурғи парканда (барои гӯшт); б) киноя аз нотавон, оҷиз◊ мурғи Исо (ё Исӣ) кит. шабпарак, хаффош; мурғи саҳар булбул; мурғи ҳаво мурғи ғайри қафасӣ, парандаи озод; мурғи ҳумо парандаи афсонавие, ки гӯё сояааш ба сари ҳар кас афтад, вай хушбахту комрон мешудааст; соли мурғ соли даҳум аз силсилаи дувоздаҳгонаи солшумории мучал (бо номи ҳайвонот); мурғи посӯхта барин ошуфтаву беқарор, сахт ҳаросон; мурғи дилро куштан бешавқу ҳавсала шудан; мурғи давлат ба сари касе нишастан соҳибистиқлол шудан, хушбахт шудан; забони мурғонро мурғон медонанд (мақ.) ҳамҷинсон матлаби якдигарро ба осонӣ мефаҳманд; пои мурғ чандто? – якто! барои тасдиқи риёкоронаи дурӯғи каси дигар ё дар мавриди ваъдаи қатъӣ додан барои нигоҳ доштани сирри касе гуфта мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.